Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Паҳлавонони тоҷик дар “Paris Grand Slam-2019” ширкат мекунанд

07.02.2019

: 1175

6 варзишгари тоҷик – аъзои тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар мусобиқаи “Paris Grand Slam-2019”, ки 9-10 феврал баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқа аз силсилаи Гран Слам яке аз чорабиниҳои бонуфузи Федератсияи байналмилалии дзюдо мебошад. Дар “Paris Grand Slam-2019” дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати зерин иштирок мекунанд:

1. Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг)
2. Сомон Маҳмадбеков (-73кг)
3. Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг)
4. Комроншоҳ Устопириён (-90кг)
5. Саидҷалол Саидов (-100кг)
6. Темур Раҳимов (+100кг)
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 609 варзишгар (360 мард, 249 зан) аз 98 кишвари дунё дар назар аст. Варзишгарон дар баробари иштирок дар мусобиқа сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба ғолибон 500 хол, ҷои дуюм – 350, ҷои сеюм – 250, ҷои панҷум – 180, ҷои ҳафтум 130 хол пешбинӣ шудааст.
Фонди ҷоизавии мусобиқа 150000 долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Варзишгарон барои ҷои аввал 5000 доллар, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дарёфт мекунанд.

Тақвими қувваозмоиҳо дар “Paris Grand Slam-2019”
9 феврал
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг

10 феврал
Бонувон: -70кг, -78кг, +78кг
Мардон: -81кг, -90кг, -100кг, +100кг