Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон – ССКА – 1:1

07.02.2019

: 28

ДУШАНБЕ. 2019, 07 феврал

Тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) аввалин бозии санҷишиашро дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Туркия бо ҳайати ҷавонони дастаи ССКА-и Маскав (Руссия) (U-21) доир намуд.

Бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати тими Тоҷикистон голро Сорбон Авғонов ба номи худ навишт.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷамъомади машқӣ-таълимии тими олимпии Тоҷикистон дар Туркия бе ҳузури футболбозони ҳайати асосӣ, ки ба ҳайати дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Металлург”-и Бекобод шомиланд, мегузарад.
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар машғулияти машқию омӯзишӣ дар Туркия боз ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад - 11 феврал муқобили тими олимпии Камерун, 13 феврал бо ҳайати дуюми дастаи “Краснодар”.
Ҷамъомади тими олимпии Тоҷикистон то 15 феврал идома меёбад.