Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио: вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ баррасӣ шуд

Роҳ ба сӯи Токио: вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ баррасӣ шуд Роҳ ба сӯи Токио: вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ баррасӣ шуд Роҳ ба сӯи Токио: вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ баррасӣ шуд Роҳ ба сӯи Токио: вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ баррасӣ шуд

01.02.2019

: 270

ДУШАНБЕ. 2019, 01 феврал

1 феврал дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон вазъи намудҳои қайиқронӣ ва каратэ-до баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо доир гардид, нахуст гузориши ноиби директори Мактаби ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ Бахтиёр Қодиров шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар мактаб аз рӯи 6 намуди варзиш – қайиқронӣ, бокс, камонварӣ, тирандозӣ, вазнбардорӣ ва велосипедронӣ 12 гурӯҳ амал мекунанд ва 75 варзишгар, аз ҷумла 12 духтар ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Дастпарварони муассиса соли 2018 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори 170 медал (66 тилло, 48 нуқра, 56 биринҷӣ) гардидаанд. Аз ҷумла аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 2 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ ба хазинаи варзиши мамлакат ворид намудаанд.
Дар идома сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Ҳасан Шарифов гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон қайиқрон Иброҳим Ҳасанов мебошад. Ӯ соли 1960 дар Олимпиадаи Рим дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои чорумро ишғол кард. Баъдан дастпарвари Иброҳим Ҳасанов Юрий Лобанов соли 1972 дар Мюнхен дар каноэи дунафарӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардида, соли 1980 дар Москва сазовори медали биринҷӣ шуд. Баъд аз соҳибистиқлолӣ ин намуд бо сабаби набудани таҷҳизот натавонист рушд кунад. Хушбахтона, аз соли 2013 бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ қайиқронҳо соҳиби қайиқҳои нав шуданд ва ба тамрин оғоз карданд. Соли 2018 барои варзишгарони ин намуд бобарор буд. Шаҳриёр Даминов дар Бозиҳои Осиё сазовори медали нуқра ва дастаи мунтахаби ҷавонон дар чемпионати Осиё ва Ҷоми Осиё дар Самарқанд сазовори 7 медал гардиданд. Ҳамчунин, онҳо дар як қатор мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат карда, таҷриба андӯхтанд.
Гуфта шуд, ки аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба қайиқронӣ Даминов Шаҳриёр (қувваозмоии С-1 ва С-4), Ҷӯраев Дилшод (С-4), Ковалев Иван (С-4), Рустамов Умар (С-4), Пирназарова Комила (С-1) ва Назиров Саидилҳомхон (К-1) барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд. Даста моҳи январ дар ноҳияи Вахш ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ оғоз кард ва дар се давраи 21-рӯзӣ то моҳи апрел тамрин мекунанд. Ҳамчунин, дар Маҷористон ба ҷамъомади машқии байналмилалии 56-рӯза фаро гирифта хоҳанд шуд. Соли 2019 варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ – Ҷоми кушоди ҷаҳон (21-25 март, Ҳиндустон), Ҷоми ҷаҳон – марҳилаҳои 1 ва 2 (моҳҳои май-июн, Лаҳистон ва Олмон), чемпионати ҷаҳон (август, Маҷористон) ва чемпионати Осиё (декабр, Тайланд) иштирок мекунанд. Чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон то ҷои панҷумро ишғол менамоянд, сазовори роҳхат ба Олимпиада мегарданд, дар чемпионати Осиё бошад, фақат барои ҷои якум роҳхат дода мешавад. Варзишгари маъруф Шаҳриёр Даминов ба ҷавониаш нигоҳ накарда, миёни калонсолон натиҷаҳои хуб нишон дода истодааст ва бовар дорем, ки ӯ аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди қайиқронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст меорад.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ Муҳаммад Бодаков зимни гузориш, аз ҷумла иттилоъ дод, ки феълан дар ҷумҳурӣ беш аз 2000 нафар дар намуди каратэ-до тамрин мекунанд. 10 нафар аъзои тими мунтахаб дар ҳайати Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг), Муҳаммад Тешаев (-60кг), Сайёд Ғафуров (-67кг), Абдуваҳоб Шаропов (-67кг), Қамариддин Ҳасанов (-67кг), Нигина Давлатова (-55кг), Раҷаббек Раҳимов (-75кг), Умед Сафаров (-75кг), Ҷавоҳир Ҳайдаров (-84кг) ва Гулосори Суҳроб (-55кг) барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати олимпӣ тайёрӣ дида истодаанд. Ҳарчанд дар ин намуд, ба даст овардани роҳхат хеле мушкил аст, аммо аз варзишгарон, хусусан аз Ҳоҷиқурбон Маҳмадов умед дорем.
Мусобиқа оид ба каратэ, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст, аз рӯи 3 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 3 категорияи вазнӣ миёни бонувон дар равияи кумитэ ва як қувваозмоӣ аз рӯи равияи ката баргузор мегардад. Ҳамагӣ аз тамоми ҷаҳон 80 варзишгар ҳаққи иштирок дар бозиҳоро пайдо мекунанд.
Дар анҷом иштирокчиёни ҷаласа ба сармураббиён ва варзишгарон барои иштироки бомуваффақонаашон дар мусобиқаҳои байналмилалии пешорӯ муваффақият хостанд.