Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар I Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” 3 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

31.01.2019

: 1120

8-17 феврали соли 2019 дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” баргузор мешавад.

Ҷумҳурии моро дар бозиҳо 3 варзишгари наврас – Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов, Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слалом ва слаломи бузург иштирок менамоянд.
Варзишгарон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” ба бозиҳо омодагӣ мебинанд.
Ба барномаи аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” 8 намуди варзиш ворид гардидааст: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ (гонка), ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, рақси рӯи ях, сноуборд, хоккей ва шорт-трек.
Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 20 давлати қораи Осиё дар назар аст: Амороти Араб, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Непал, Покистон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Филиппин, Ҷопон, ҳамчунин дастаҳои Москва, ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон, Саха, Шарқи дур, Сибир, Урал аз Федератсияи Россия.
Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё сурат мегирад ва як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон-2020 дар Лозанна (Швейтсария) ба ҳисоб меравад.