Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдо: медали биринҷии Сомон дар ЧҶ-2017 миёни ҷавонон

20.10.2017

: 526

Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Сомон дар даври аввали марҳилаи муқаддамотӣ озод буд. Ӯ дар даври дуюм Ҷаслен Сайнӣ (Ҳиндустон), баъдан Исмоил Иброҳимовро (Озарбойҷон) мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд. Сомон сипас муборизаро барои медали биринҷӣ идома дода, варзишгари испанӣ Салвадор Касес ва намояндаи Озарбойҷон Ёқуб Ҷаводовро мағлуб карда, ҷои сеюмро сазовор шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг рӯи гилем баромад. Ӯ бар Катз Ҷошуа аз Австралия ва Ҷорре Верстраген аз Белгия пирӯз шуда, дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Аҳмад Юсуфов мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Дар вазни -66 кг варзишгари дигари мо Муҳаммадкарим Сарахонов гуштин гирифт. Ӯ баъд аз ду ғалаба бар Кристос Скоромоунис (Кипр) ва Бадер Алмазайда (Урдун) дар даври сеюм аз намояндаи Узбекистон Артём Штурбабин, ки медали нуқра ба даст овард, шикаст хурд.

Ду варзишгари мо дар вазни -73 кг - Эраҷ Абдуллоев ва Хайёмиддин Ҷабборов низ аз медалҳо бенасиб монданд.

Имрӯз ва фардо рақобатҳо дар 4 вазн идома меёбад. Дар вазни -81 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Алекс Ривет аз Зеландияи Нав рақобат мекунад. Дар ин вазн Раҳматуллобек Фарҳодов низ гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Ҷеспер Слини (Нидерланд) – Сергий Кривчал (Украина) мебошад.

Варзишгари дигари мо Муртазо Аминов дар вазни -90 кг бо Никола Микависа (Босния ва Ҳерсоговина) рӯи гилем мебароянд.

Дар вазни -100 кг ду варзишгари мо бо ду варзишгари Лаҳистон гуштин мегиранд: Шакармамад Мирмамадов бо Каспер Сизуровски ва Темур Раҳимов бо Доминик Мазовски.


Дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок доранд.