Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи “Чор миллат”

Тими олимпии Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи “Чор миллат” Тими олимпии Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи “Чор миллат” Тими олимпии Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи “Чор миллат”

22.01.2019

: 1174

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” гардид, ки 21 январ дар Доҳа ба анҷом расид.

Дар мусобиқа, ки 15-21 январ доир гашт, дастаҳои мунтахаби олимпии чор кишвар – Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувайт ширкат намуданд.
Дар даври ҷамъбастӣ тими олимпии мо муқобили дастаи Кувайт дар ҷараёни бозӣ бартарӣ нишон дод, аммо натавонист ғалаб кунад. Тақдири бозиро голи ягонаи ҳамлагари мунтахаби Кувайт Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ дар дақиқаи 25 ҳал кард.
Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби олимпии Эрон бар тими мизбон – Қатар пирӯз шуд – 2:1.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз нуҳ холи имконпазир 6 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа гардид. Дар ду даври қаблӣ мунтахаби бар дастаи Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) ғалаба кард. Ҷои дуюмро Эрон бо 6 хол, ҷои сеюмро Қатар бо 3 хол ва ҷои чорумро Кувайт бо 3 хол ишғол намуданд.
Ёдрас мекунем, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи финалии чемпионат дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Доҳа

1-ум давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:2
Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.

Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).

15 январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 мухлис.

Қатар – Кувайт – 3:1

2-юм давр
Қатар – ТОҶИКИСТОН – 0:1
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 37.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Муҳаммаҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 86), Шарафҷон Солеҳов, Далер Едгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.

Корти сурх: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 61 – рафтори ғайриварзишӣ, Илёс Аҳмад Алӣ (Қатар), 80 – барои зарба ба ҳариф.

Сардовар: Найаф Ал-Қодирӣ (Қатар).

18 январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 мухлис.

Эрон – Кувайт – 5:0

3-юм давр
21 январ (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Кувайт – 0:1
Гол: Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ, 25.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Шоҳрух Қирғизбоев, 46), Алишер Баротов (Доробҷон Эргашев, 77), Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 77), Зоир Ҷурабоев (Ҳусейн Нурматов, 46), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 60), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов, Амирдҷон Сафаров (Саидмухтор Азимов, 68), Шериддин Бобоев.

Сардовар: Муҳаммад Ал-Шамарӣ (Қатар).

21 январ. Доҳа. Варзишгоҳи «Гранд Ҳамад». 50 мухлис.

Қатар – Эрон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
   ДАСТАҲО                  Б   Ғ   М   Б   Т-Т   Х 
 1  ТОҶИКИСТОН  3  2  0  1  3-2  6
 2  Эрон  3  2  0  1  8-3  6
 3  Қатар  3  1  0  2  4-4  3
 4  Кувайт  3  1  0  2  2-8  3