Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон мусобиқаи “Чор миллат”-ро бо ғалаба оғоз кард

Тими олимпии Тоҷикистон мусобиқаи “Чор миллат”-ро бо ғалаба оғоз кард Тими олимпии Тоҷикистон мусобиқаи “Чор миллат”-ро бо ғалаба оғоз кард

16.01.2019

: 177

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа бар тими Эрон ғалаба кард (2:1).

Бозӣ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари тими Эрон Воҳид Номдорӣ кушод. Дар охири нимаи аввали бозӣ капитани тими Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки беҳтарин бозингари соли 2018 дониста шуда буд, хатои ҳимоятгари дастаи Эронро пай бурд ва ҳисобро баробар кард. Дар оғози нимаи дуюм, дақиқаи 50-ум, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев бо дарвозабони тими ҳариф як ба як баромада, тӯбро тавассути кунҷи дарвоза вориди дарвоза намуд. Дар дақиқаҳои боқимонда бозингарони эронӣ барои наҷот додани дастаашон кӯшиш намуданд, вале футболбозони мо хати ҳимояро пурзӯр карда, ғалабаи Тоҷикистонро таъмин карданд – 2:1.
Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи олимпии Қатар бар тими Кувайт бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи “Чор миллат” дар Доҳа 18 январ доир мегарданд. Ин бор тими олимпии Тоҷикистон муқобили дастаи мизбон – Қатар вориди майдон мешавад. Оғози бозӣ – соати 21:30 бо вақти Душанбе.
Сармураббии тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Усмон Тошев баъд аз бозӣ андешаҳояшро чунин баён кард:
“Оғози мусобиқа бо ғалаба аз нигоҳи психологӣ бисёр хуб аст. Бачаҳо эҳсос карданд, ки метавонанд бозӣ кунанд ва ғолиб оянд. Вале хато бисёр аст. Ба ҳар сурат ҳаяҷонро дар бозии аввал як тараф гузошта, бозӣ кардан ва се хол ба даст овардан зарур буд. Бачаҳо кӯшиш карданд, ман аз бозиашон дар майдон ва худфидоияшон розиам. Бозӣ бисёр ҷолиб буд. Бачаҳо тавонистанд худро нишон диҳанд ва ду гол заданд. Ин аз ҷиҳати психологӣ муҳим аст, аз ин рӯ оянда кор мекунем. Бозии мо аз бозии идеалӣ бисёр дур аст, бинобар ин тамрин ва рушд кардан даркор. Аз ҳама муҳим - бо тамоми қувва ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, омодагӣ дидан зарур аст”.

Мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа

1-ум давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 1:2
Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.

Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).

15 январ. Доҳа. Майдони футболи Академии «Aspire». 100 бинанда.

Қатар – Кувайт – 3:1

Тақвими бозиҳои оянда:

2-юм давр
18 январ (ҷумъа)
19:30. Эрон – Кувайт
21:30. Қатар – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
21 январ (душанбе)
19:30. ТОҶИКИСТОН – Кувайт
21:30. Қатар – Эрон