Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо усулҳои нав омӯхт

07.01.2019

: 79

Бо мақсади омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT) ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз 22 декабри соли 2018 то 6 январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷамъомади машқию таълимӣ миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи таеквондои Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз мураббиёни ин намуди варзиш Далер Фозилов, Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тарзу усулҳои нави таеквондоро омӯхтанд. Ба варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Аланазаров низ нозукиҳои таеквондоро омӯзонид.
Бо мақсади дар амал дидани тарзи баҳогузорӣ, истифодаи усулҳои нав бо истифодаи аз технологияи муосир, ки федератсия дастрас кардааст, миёни варзишгарон мусобиқаи санҷишӣ баргузор шуд.