Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими олимпии Тоҷикистон дар Душанбе тамринро оғоз кард

03.01.2019

: 1181

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ шуруъ кард.

Ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар Усмон Тошев бозингаронеро даъват кардааст, ки дар ҳайати тими миллии кишвар дар бозӣ муқобили Уммон ва Баҳрайн набуданд. Футболбозоне, ки дар бозиҳои моҳи декабр маҳорати хуб нишон доданд, баъдтар ба машғулиятҳо ҳамроҳ мешаванд.
Дар натиҷаи машғулиятҳои машқӣ-омӯзишии Душанбе ҳайати даста ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Қатар интихоб мегардад. Дар Доҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили тимҳои олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш мунтахабҳои Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.
Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.  
Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.  

Ҳайати тими олимпии Тоҷикистон (U-23) дар фамъомади машқӣ-омӯзишии Душанбе:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).