24.12.2018
: 1292
Дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар 15-ум мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон “Ҷоми пешрафт-2019” ширкат мекунад.
Мусобиқа 20-28 январи соли оянда бо иштироки 12 мунтахаби наврасони то 17-сола дар Минск (Белорус) баргузор мешавад. Дар бароибари тими наврасони Тоҷикистон мунтахабҳои Белорус, Белгия, Булғористон, Гурҷистон, Исландия, Исроил, Литва, Молодова, Словакия, Украина ва Финландия барои ҷом мубориза мебаранд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони мо ба гурӯҳи “А” дохил шуд, ки бо дастаҳои Белорус, Белгия ва Финландия бозӣ мекунад. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои Исландия, Исроил, Молдова ва гурӯҳи “С” аз дастаҳои Украина, Словакия, Булғория, Литва таркиб ёфтанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ тариқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои аввалро ишғол менамоянд, ҳамчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо мусобиқаро идома медиҳанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюм бо ду дастаи беҳтари ҷои сеюм барои ҷойҳои 5-8, боқимонда дастаҳо, ки натиҷаи паст нишон медиҳанд, барои ҷойҳои 9-12 бозӣ мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон дар Минск аз соли 2005 баргузор мешавад. Аз ҳама бештар тими наврасони Руссия ҷомро ба даст овардааст (2008, 2010, 2014, 2015, 2017), чор маротиба Украина (2009, 2012, 2013, 2016), думаротибаӣ Белорус (2006, 2007) ва Белгия (2011, 2013) шаҳди ғалабаро чашидаанд.
Барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирок дар “Ҷоми пешрафт-2019” як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.
Тирамоҳи имсол шогирдони Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 хуб баромад карда, сазовори медалҳои нуқра гардиданд. Футболбозони навраси мо то финали чемпионат роҳ ёфта, дар бозии ниҳоӣ аз Ҷопон бо ҳисоби минималии 0:1 мағлуб шуданд.
Ҳарифони худро дар чемпионати ҷаҳон-2019 тими наврасони мо 14 майи соли 2019, ки маросими қуръакашии чемпионат баргузор мешавад, хоҳад донист. Дар чемпионати ҷаҳон 24 даста, ки тариқи мусобиқаҳои қитъавӣ интихоб шудаанд, иштирок мекунанд. Дар ҳоли ҳозир 7 даста соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардидаанд: Перу (мизбон), Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ (аз Осиё), Зеландияи Нав, Ҷазираҳои Соломон (аз Уқёнус).
Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) барои дарёфти “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск
Гурӯҳи «А»: Белорус, Финландия, ТОҶИКИСТОН, Белгия.
Гурӯҳи «В»: Исландия, Исроил, Молдова, Гурҷистон.
Гурӯҳи «С»: Украина, Словакия, Булғористон, Литва.
Ҷадвали бозиҳо:
1-ум давр
20 январ (якшанбе)
09:40. Словакия – Литва
11:45. Булғористон – Украина
13:50. Исроил – Молдова
15:55. Белгия – Финландия
17:40. Маросими кушодашавӣ
18:20. Белорус – ТОҶИКИСТОН
20:25. Исландия – Гурҷистон
2-юм давр
22 январ (сешанбе)
10:00. Булғористон – Литва
12:05. Украина – Словакия
14:10. Исландия – Молдова
16:15. Белгия – ТОҶИКИСТОН
18:20. Финландия – Белорус
20:25. Гурҷистон – Исроил
3-юм давр
24 январ (панҷшанбе)
10:00. Литва – Украина
12:05. Словакия – Булғористон
14:10. Молдова – Гурҷистон
16:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия
18:20. Белорус – Белгия
20:25. Исроил – Исландия
Бозиҳои плей-офф
26 январ (шанбе)
10:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
12:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
14:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:20. Нимфинал
20:25. Нимфинал
28 январ (душанбе)
10:00. Бозӣ барои ҷойи 11-ум
12:10. Бозӣ барои ҷойи 9-ум
10:00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум
12:10. Бозӣ барои ҷойи 5-ум
14:20. Бозӣ барои ҷойи 3-юм
16:40. Финал
18:30. Маросими пӯшидашавӣ
Эзоҳ: Оғози бозиҳо бо вақти Белорус.