14.12.2018
: 1234
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии аввали рафиқона аз дастаи мунтахаби Уммон шикаст хурд.
Бозӣ шоми 13 декабр дар варзишгоҳи Султон Қобуси шаҳри Маскат баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон голро нимҳимоятгари дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Шарафҷон Солеҳов ба ҳадаф расонд. Барои Шарафҷони 19-сола ин аввалин гол дар ҳайати тими миллӣ буд.
16 декабр дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон бозии ҷавобии рафиқона анҷом медиҳанд. Оғози бозӣ 19:30-и вақти Душанбе.
Бозии рафиқона
Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ, 74 (1:0). Матаз Салеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷурабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).
Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).
Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).
Комиссари бозӣ: Салим Абдулло Ал-Салхӣ (Уммон).
13 декабр. Маскат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1500 мухлис.