Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғолибони мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба гуштини озод муайян шуд

11.12.2018

: 1248

8-9 декабр дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба гуштини тарзи озод баргузор шуд.

Мусобиқаро муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар мусобиқа беш аз сад паҳлавон аз давлатҳои Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи нуҳ дараҷаи вазнӣ миёни ҳам рақобат карданд. Дар натиҷа, аз рӯи 6 дараҷаи вазнӣ варзишгарони Тоҷикистон пирӯз шуданд: Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Саидасан Ашрафхонов (70кг), Ғуломҷон Шарифов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Раҳмонҷон Маҳмадбеков (97). Дар ду дараҷаи вазнӣ (79кг, 125кг) варзишгарони Узбекистон, дар як вазн (61кг) варзишгари Қирғизистон ғолиб омаданд.
Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оиди гуштини тарзи озод зимни суҳбат гуфт, мақсад аз баргузории мусобиқа омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад.