01.12.2018
: 1151
Кумитаи байналмилалии олимпӣ муваққатан банақшагирии баргузории мусобиқаи боксро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 қатъ кард. Дар ин бора сомонаи расмии КБО хабар додааст.
Ин тасмимро аъзои Кумитаи иҷроияи КБО 30 ноябр дар Токио, дар пасманзари оғози тафтишот нисбат ба Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) гирифтанд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки AIBA гузориши рушди ассотсиатсияро пешниҳод кард. Тибқи гузориш корҳое дар самти доварӣ ва мубориза бо допинг анҷом дода шудааст, вале фаъолиятҳо дар масъалаҳои молия, мудирият ва ахлоқ ҳанӯз нигаронкунанда аст.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ нисбат ба Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ тафтишот оғоз кард ва расман ҳама гуна маблағгузориро вобаста ба AIBA қатъ намуд, ҳамчунин қарор қабул шуд, ки аз ҷониби AIBA рамзи олимпӣ, иншооти олимпӣ ва рамзи Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар маводҳои таблиғотӣ истифода нашавад. Дар баробари ин, банақшагирии мусобиқаҳои бокс барои Бозиҳои олимпии соли 2020 мутаваққиф шуд.
Дар ин ҷаласа Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба таври муваққатӣ Федератсияи байналмилалии самбо, Федератсияи байналмилалии лакрос ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии ташкилотҳои кикбоксингро эътироф кард. Ин ташкилотҳои варзишӣ дар муддати се сол дар баробари рушди ин намудҳо бояд фаъолиятҳои худро дар асоси Хартияи олимпӣ ба роҳ монанд ва арзишҳои олимпиро риоя кунанд.
Намудҳои самбо ва кикбоксинг барои олами олимпӣ нав мебошанд. Аммо намуди амрикоии лакрос барои Бозиҳои олимпӣ шинос аст. Намуди даставии лакрос ба барномаи Бозиҳои олимпии солҳои 1904 ва 1908 ворид гардида буд. Баъдан дар се олимпиада ҳамчун намуди намоишӣ ба барномаи бозиҳо ворид буд.