Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими бонувони Тоҷикистон барои медалҳои биринҷӣ талош мекунад

30.11.2018

: 1107

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон чемпионати АФОМ-2018 миёни бонувон ба анҷом наздик мешавад.

29 ноябр бозиҳои даври чоруми мусобиқа баргузор шуданд. Тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи бонувони Эрон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Ягона голро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сайрам Холназарова зад.
Дар бозии дигар дастаи мизбон – Узбекистон ба дарвозаи тими Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи Узбекистон бо 4 пирӯзӣ дар 4 бозӣ ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 миёни бонувон гардид. Эрон медалҳои нуқраро сазовор гашт. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ниҳоӣ маълум мегардад. Дар даври панҷум мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи бонувони Афғонистон вомехурад, Қирғизистон бошад, бо Эрон вориди майдон мешаванд.
Феълан Тоҷикистон ва Қирғизистон 3-холӣ доранд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои сеюм аст.