26.11.2018
: 1299
Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҳамчун намуди олимпии варзиш аз соли 1936 шинохта шудааст (соли 1924 ҳамчун намуди варзиш намоиш дода шуда буд). Аввал мусобиқа миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни бонувон аз соли 1948 – Бозиҳои олимпии Лондон – баргузор мешавад.
Аз Тоҷикистон варзишгарон бори аввал аз рӯи намуди қайиқронӣ дар Бозиҳои олимпӣ иштирок намудаанд. Иброҳим Ҳасанов соли 1960 дар Бозиҳои олимпии Рим дар ҳайати ИҶШС иштирок карда, дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр ҷои чорумро ишғол кард. Ӯ, ҳамчунин дар Бозиҳои олимпии Токио-1964 ширкат намуда, ин бор дар байдаркаи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр ҷои ҳафтумро ишғол кард. Баъдан, соли 1972 дар Бозиҳои олимпии Мюнхен варзишгари тоҷикистонӣ, шогирди Иброҳим Ҳасанов Юрий Лобанов дар каноэи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр медали тилло ва дар Бозиҳои олимпии Москва-1980 медали биринҷӣ ба даст овард.
Варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ натавонистаанд, ки роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст оваранд. Аммо таи ду соли охир ин намуди варзиш дар кишвар рушд мекунад. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ иштирок карда, ба дастовардҳо ноил гардида истодаанд. Хусусан, Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масфаи 1000 метр соли 2017 медали нуқраи чемпионати Осиё ва соли 2018 медали нуқраи Бозиҳои Осиёро сазовор шуд. Ӯ, имсол ҳамчунин дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаҳои 1000 ва 500 метр 2 медали тилло ба даст овард. Шаҳриёр Даминов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош дорад. Дар баробари ӯ аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Зоир Набиев, Умар Рустамов, Абдусаттор Ғафуров ва Давронхӯҷа Аҳмадов барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ кӯшиш мекунанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ ҷамъомади машқӣ-омӯзишии худро дар масими зимистон дар ноҳияи Вахш ва шаҳри Душанбе гузашта, аз моҳи март дар кишварҳои Аврупо, мисли Олмон, Маҷористон ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ омодагӣ мебинанд.
Соли 2020 (26 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ворид гардидааст.
Мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз рӯи 12 қувваозмоӣ доир мешавад: миёни мардон 6 – байдаркаи якнафарӣ ба масофаҳои 200, 1000 метр, дунафарӣ ба масофаи 1000 метр, чорнафарӣ ба масофаи 500 метр, каноэи якнафарӣ ва дунафарӣ ба масофаи 1000 метр, миёни бонувон 6 – байдаркаи якнафарӣ ба масофаҳои 200, 500 метр, дунафарӣ ва чорнафарӣ ба масофаи 500 метр, каноэи якнафарӣ ба масофаҳои 200 ва 500 метр.
Дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҳамагӣ 248 варзишгар (123 нафар миёни мардон, 123 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 18 нафар (1 нафар дар як қувваозмоӣ). 170 роҳхат дар чемпионати ҷаҳон-2019, 6 роҳхат дар Ҷоми ҷаҳон-2020 дода шуда, 70 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ, 2 нафар тариқи квота ба Токио сафарбар мегарданд.
Дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар қувваозмоии К-1 ба масофаи 200 метр (мардон ва бонувон) 10 нафар, К-1 1000 метр миёни мардон ва 500 метр миёни бонувон 12 нафар (ду квота ба кишвари мизбон), К-2 1000 метр миёни мардон ва 500 метр миёни бонувон 24 нафар (12 роҳхат), К-4 500 метр (миёни мардон ва бонувон) 80 нафар (20 роҳхат), С-1 1000 метр миёни мардон ва 200 метр миёни бонувон 12 нафар (2 квота ба кишвари мизбон), С-2 1000 метр миёни мардон ва 500 метр миёни бонувон 32 нафар (16 роҳхат) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Дар Ҷоми ҷаҳон-2020 бошад, ғолибони қувваозмоиҳои К-1 200 метр, 1000 метр (мардон), 200 метр, 500 метр (бонувон) ва С-1 1000 метр (мардон), 200 метр (бонувон), ҷамъ 6 нафар соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мегарданд.
70 варзишгар (35 мард, 35 зан) ба бозиҳои олимпӣ тариқи мусобиқаҳои қитъавӣ соҳиби роҳхат мешаванд. Аз ҷумла дар қувваозмоиҳои К-1 200, 1000 метр миёни мардон, К-1 200, 500 метр миёни бонувон аз Аврупо 2-нафарӣ (8 нафар), аз Амрико, Африқо, Осиё, Уқёнус 1-нафарӣ (16 нафар), дар қувваозмоии С-1 1000 метр миёни мардон, 200 метр миёни бонувон аз ҳар қитъа 1-нафарӣ (10 нафар), К-2 1000 метр миёни мардон, К-2 500 метр миёни бонувон аз Аврупо 2-нафарӣ (4 нафар), аз Амрико, Африқо, Осиё, Уқёнус ҳамагӣ 12 нафар, дар қувваозмоиҳои С-2 1000 метр миёни мардон, С-2 500 метр миёни бонувон аз Аврупо 4-нафарӣ (8 нафар), аз Амрико, Африқо, Осиё ва Уқёнус ҳамагӣ 12 нафар.
2 ҷойи дигар тариқи квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба муайян карда мешавад.
Дар асоси муқаррарот як варзишгар метавонад як роҳхат ба даст орад, новобаста аз он ки дар якчанд қувваозмоӣ ширкат мекунад. Варзишгар, вақте ки роҳхат ба даст овард, ҳуқуқ надорад дар мусобиқаҳои интихобии баъдӣ иштирок кунад. Барои дарёфти квотаи Комиссияи сеҷониба варзишгар бояд ҳадди ақал дар як мусобиқаи интихобии олимпӣ иштирок карда бошад.
Мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 12
Мардон – 6
Бонувон – 6
Шумораи иштирокчиён
Мардон – 123
Бонувон - 123
Ҳамагӣ – 248
Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи чемпионати ҷаҳон-2019 – 170
Роҳхат тариқи Ҷоми ҷаҳон-2020 – 6
Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қоравӣ - 70
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 2
Ҳамагӣ – 248
Мусобиқаҳои интихобӣ
21-25 августи соли 2019
Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ. Жегед, Маҷористон
29 май – 1 июни 2020
Ҷоми ҷаҳон-2 оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ. Дуисбург, Олмон
Декабри соли 2020
Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ. Патайа, Тайланд