Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Панҷшер” дар лигаи олӣ боқӣ монд

23.11.2018

: 984

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз кард.

Тибқи низомномаи Лигаи футболи кишвар дастае, ки дар лигаи олӣ ҷои охирро ишғол мекунад, ба лигаи аввал ва ғолиби лигаи аввал ба лигаи олӣ мегузаранд. Дастаи ҷои ҳафтуми лигаи олӣ ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи якум бошанд, барои роҳхат ба лигаи олӣ бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.
Дар асоси ҳамин низомнома дастаи “Панҷшер”, ки дар лигаи олӣ ҷои ҳафтумро ишғол кард, бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи якум – тими “Эсхата”-и Хуҷанд барои роҳхат ба лигаи олӣ талош карданд. Тими ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҳам дар меҳмонӣ (6:2) ва ҳам дар майдони худ (5:2) пирӯзӣ ба даст оварда, мавқеашро дар лигаи олӣ, мавсими 2019 ҳифз кард.