Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Соро компания” – қаҳрамони Лигаи касбии футболи толорӣ

19.11.2018

: 1204

Клуби “Соро компания”-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бори аввал дар таърихаш ғолиби Лигаи касбии футболи толории Тоҷикистон дар мавсими соли 2018 гардид.

Зери роҳбарии Пайрав Воҳидов “Соро компания” 28 бозӣ анҷом дода, дар 26-тоаш пирӯз гардид, як бозиро мусовӣ карда, як бозиро бохт. Тими Душанбе аз 84 холи имконпазир 79 хол ба даст овард. Таносуби тӯбҳо – 289-63.
“Соро компания” бори аввал унвони қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор гашт ва ҳаққи иштирок дар чемпионати клубҳои Осиё оид ба футболи толориро, ки соли оянда баргузор мешавад, ба даст овард.
Ҷоми қаҳрамониро дар чемпионати Тоҷикистон бозингарони “Соро компания” баъд аз бозӣ бо дастаи “Карон” (5:2) ба даст гирифтанд. Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбари лигаи футболи толории Тоҷикистон Комрон Шодиев ва директори генералии ширкати “Формула-55” Баҳром Подчоев иштирок намуданд.
Медалҳои нуқраи Лигаи касбии футболи толории Тоҷикистон насиби дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд ва медалҳои биринҷӣ насиби тими “Садовая”-и Истаравшан гардид.