Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Футбол

16.11.2018

: 252

Футбол аввалин маротиба соли 1900 ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж ворид гардид ва минбаъд мусобиқаи футбол дар ҳамаи бозиҳо, ба ғайр аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Лос Анҷелес-1932, сурат мегирад.

Соли 1900 се тими футбол барои медалҳои олимпӣ қувва озмуданд. Нахуст клуби футболи «Юнион Франс де Спортс Атлетик»-и Фаронса бар тими донишгоҳии Белгия бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард ва бо дастаи “Аптон Парк”-и Британияи Кабир вохурд. Бритониёиҳо дар ин дидор бо ҳисоби 4:0 пирӯз ва аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ гардиданд.
Футбол миёни бонувон бошад, аввалин маротиба соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта доир гардид.
Соли 2020 (26 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш ворид гардидааст.
Дар намуди футбол 28 даста (16 даста миёни мардон, 12 даста миёни бонувон) иштирок мекунанд. Тибқи муқаррарот аз қораи Африқо 3 дастаи мардона, 1 дастаи занона, аз Осиё 3 дастаи мардона, 2 дастаи занона, аз Аврупо 4 дастаи мардона, 3 дастаи занона, аз Амрикои Шимолӣ 2 дастаи мардона, 2 дастаи занона, аз Амрикои Ҷанубӣ 3 дастаи мардона, 1 дастаи занона ва аз Уқёнус 1 дастаи мардона, 1 дастаи занона ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат мегиранд. Иштирокчии дувоздаҳум миёни бонувон дар натиҷаи мусобиқаи байниқоравӣ муайян мешавад.
Мусобиқаҳои интихобӣ дар ҳар қитъа ҳар гуна мебошад. Дастаи мунтахаби Ҷопон ҳам миёни мардон ва ҳам миёни занон ба ҳайси мизбон ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Дар ҳоли ҳозир тими футболи занонаи Бразил роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овардааст. Мунтахаби бонувони Бразил дар Ҷоми Амрико-2018, ки мусобиқаи интихобии олимпӣ ба ҳисоб мерафт, ғолиб шуд.
Дар қораи Аврупо бошад, барандагони 3 роҳхати олимпӣ дар натиҷаи чемпионати ҷаҳон-2019 миёни бонувон (7 июн-7июл, Фаронса) муайян мегардад. Дар қораҳои Африқо, Осиё, Уқёнус ва Амрикои Шимолӣ мусобиқаҳои интихобии олимпӣ баргузор мешавад.
Тавре хабар доред, дар қораи Осиё марҳилаи аввали интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд. Тоҷикистон мизбони бозиҳои гурӯҳи “А” буд, ки дастаҳои бонувони Тоҷикистон, Филиппин, Тайпейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ба он ворид буданд. Футболбозбонувони дар гурӯҳ ҷои сеюмро ишғол ва идомаи мусобиқа маҳрум шуданд.
Дар марҳилаи аввал 16 даста дар 4 гурӯҳ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи дуюм қувва озмуданд. Ғолибон ва дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо, инчунин 2 дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд (10 даста) ба марҳилаи дуюм (1-9 апрели соли 2019) роҳхат гирифтанд ва ба дастаҳои Ветнам ва Узбекистон ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюм 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз Осиё 2 дастаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.
Миёни мардон бошад, дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23) дар Бозиҳои олимпӣ иштирок менамоянд. Тақдири ду роҳхат дар қораи Амрикои Ҷанубӣ баъд аз натиҷагирии чемпионати Амрикои Ҷанубӣ-2019 (U-20), ки 20 январ – 13 феврали соли 2019 дар Чилӣ доир мегардад, ҳал мешавад. Соҳибони 4 роҳхати олимпӣ дар Аврупо низ баъд аз натиҷагирии чемпионати Аврупо-2019 (U-21), ки 16-30 июни 2019 дар Италия ба нақша гирифта шудааст, пайдо хоҳанд шуд. Аз Уқёнус ғолиби Бозиҳои Уқёнуси Ором-2019 (макони баргузорӣ - Самоа) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро ба даст меорад. Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ барои муайян кардани соҳиби 2 роҳхати олимпӣ мусобиқаи интихобӣ мегузаронад. Дар Африқо ва Осиё бошад, барандагони медалҳои чемпионатҳои ин қораҳо миёни ҷавонони то 23-сола (2020) роҳии Токио мешаванд.
Дар қораи Осиё барои ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё баромадан, марҳилаи интихобӣ сурат мегирад. Дар ин марҳила 44 даста дар 11 гурӯҳ барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” ҳамроҳ бо дастаҳои ҷавонони Ҳиндустон, Покистон ва Узбекистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои ин гурӯҳ моҳи марти соли оянда дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад.
Ғолибони ҳамаи гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд ба нақша гирифта шудааст, пайдо мекунанд.

Мусобиқаи футбол дар Бозиҳои олимпии Токио-2020

Мардон
Дастаҳои иштирокчӣ – 16
Синну сол – то 23

Квота ба қораҳо:
Аврупо – 4 даста
Амрикои Ҷанубӣ – 2 даста
Амрикои Шимолӣ – 2 даста
Африқо – 3 даста
Осиё – 3 даста
Уқёнус – 1 даста

Квота барои кишвари мизбон – 1

Бонувон
Дастаҳои иштирокчӣ – 12
Синну сол – бе маҳдудият

Квота ба қораҳо
Аврупо – 3 даста
Амрикои Ҷанубӣ – 1 даста
Амрикои Шимолӣ – 2 даста
Африқо – 1 даста
Осиё – 2 даста
Уқёнус – 1 даста
Байниқитъавӣ – 1 даста

Квота барои кишвари мизбон - 1

Варзишгоҳҳое, ки бозиҳои футбол баргузор мешаванд:

    
ВАРЗИШГОҲИ ОЛИМПӢ


ВАРЗИШГОҲИ ТОКИО


ВАРЗИШГОҲИ САППОРО


ВАРЗИШГОҲИ САИТАМА


ВАРЗИШГОҲИ ИБАРАКИ КАШИМА


ВАРЗИШГОҲИ МАЙАГӢ


ВАРЗИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЙОКОҲАМА