Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид

Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид

12.11.2018

: 282

11 ноябр даври ҷамъбастии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардид. Дар муқоиса ба даври гузашта дар ҷадвали чемпионат дигаргунӣ ба амал наомад.

Дар даври охирини мавсими имсола “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро ҳамлавари тими мунтахаби ҷавонони кишвар Шериддин Бобоев зад ва бо 12 гол беҳтарин нишонзани чемпионати имсола гардид.
Ҳамлавари “Хуҷанд” Фарҳод Тоҳиров дар охирин бозии карйераи варзишиаш ба дарвозаи “Куктош” 3 гол зад. Бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи мизбон хотима ёфт.
Бозӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Хатлон” мусовӣ – 3:3 шуд. Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ тавассути ду голи Наврӯз Рустамов бар тими “Панҷшер” пирӯз гардид.
Ҳамин тариқ, 27-ум чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар 84 бозии анҷомшуда 219 гол ба қайд гирифта шуд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони имсолаи кишвар шуд ва ҳуқуқ пайдо кард, ки дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2019 ширкат намояд. Барандаи медалҳои нуқра - тими “Хуҷанд” дар марҳилаи интихобии Ҷоми КФО-2019 ширкат мекунад. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуд.
“Барқчӣ”, ки ҷои охирро ишғол кард, аз лигаи олӣ барканор мешавад. Ғолиби лигаи якум – “Истаравшан” дар мавсими оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, дастаи “Панҷшер”, ки дар чемпионати имсола ҷои ҳафтумро ишғол кард, бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи якум – дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд. Ғолиби ин ҷуфт мавсими оянда ҳуқуқи дар лигаи олӣ бозӣ карданро пайдо мекунад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии чемпионат:

 ҶОЙ   ДАСТАҲО   Б   Ғ   М   Б   Т-Т   Х 
 1  "Истиқлол" (Душанбе)   21   16   3  2  36-16   51 
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  21  14  4  3  42-20  46
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  21  9  3  9  31-32  30
 4  "Ркгар-ТадАЗ" (Турсунзода)   21  8  4  9  27-26  28
 5  "Хатлон" (Бохтар)  21  7  4  10   27-29  25
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  21  5  9  7  24-33  24
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)   21  4  6  11  16-29  18
 8  "Барқчӣ" (Ҳисор)  21  4  1  16  16-34  13