Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар бозӣ бо Филиппин натавонист ғалаба кунад

09.11.2018

: 23

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври сеюми мусобиқаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” аз дастаи мунтахаби бонувони Филиппин бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.

Футболбоздухтарони мо тавассути Гулсунбӣ Ҳалмова дар дақиқаи 24 ҳисобро кушоданд, вале натавонистанд бозиро бо ҳамин ҳисоб анҷом диҳанд.
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Тайпейи Чин ба дарвозаи Муғулистон 9 голи беҷавоб зад.
Баъд аз натиҷагирии се давр дар ҷадвали гурӯҳи “А” Тайпейи Чин ва Филиппин бо 6-холӣ садрнишинанд. Тоҷикистон бо 3 хол дар мавқеи сеюм, Муғулистон ва Сингапур бо якхолӣ дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд.
Дар даври чорум 11 ноябр Филиппин бо Муғулистон, Сингапур бо Тайпейи Чин вомехуранд.
Дастаи мунтахаби бонувони кишвар дар даври ниҳоӣ бо Сингапур қувва месанҷанд. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 13 ноябр, соати 16:00 оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии Токио-2020 миёни бонувон
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”. 3-юм давр

Филиппин – ТОҶИКИСТОН – 3:1
Голҳо: Гулсунбӣ Ҳалимова, 24 (0:1). Шела Майе Кадаг, 30 (1:1). Сара Изабел Арриета Кастанеда, 50 (2:1). Сара Изабел Арриета Кастанеда, 76 – аз пеналтӣ (3:1).

Тоҷикистон: Саҳина Саидова (Муаттара Раҳматуллоева, 45+3), Насиба Олимова (Зуҳали Фарҳод, 90+1), Сайрам Холназарова, Мавҷуда Сафарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зебонисо Абдуллоева, 83), Некубахт Худододова (Шукронаи Ҷумахон, 84).

Сардовар: Каҷияма Фусако (Ҷопон).

Нозири доварон: Видия Ҳабиба Шамсури (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Абир Рантиси (Урдун).

8 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 мухлис.


Тайпэйи Чин – Муғулистон – 9:0
Голҳо: Мишел Пао, 29 (1:0). Хсу Юи-Юн, 39 (2:0). Ли Хсиу-Чин, 40 (3:0). Ю Хсиу-Чин, 42 – аз пеналтӣ (4:0). Ю Хсиу-Чин, 49 (5:0). Ю Хсиу-Чин, 52 (6:0). Чен Ен-Пинг, 72 (7:0). Чен Ен-Пинг, 86 (8:0). Лин Я-Хан, 90+2 (9:0).

Сардовар: Доумоуҳ Ал-Баккар (Лубнон).

Нозири доварон: Муҳсин Торкӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Эмили Лау (Ҳонг Конг).

8 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 60 мухлис.

Бозиҳои оянда:
4-ум давр
11 ноябр (якшанбе)
13:00. Филиппин – Муғулистон
16:00. Сингапур – Тайпейи Чин

5-ум давр
13 ноябр (сешанбе)
13:00. Тайпейи Чин – Филиппин
16:00. ТОҶИКИСТОН – Сингапур