25.10.2018
: 4076
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи “Grand Slam” ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.
“Abu Dhabi Grand Slam 2018” 27-29 октябр баргузор мешавад. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа 372 варзишгар (230 мард, 142 зан) аз 64 кишвари дунё иштирок менамоянд.
Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 варзишгар бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд:
Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг);
Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг);
Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг);
Комроншоҳ Устопириён (-90кг);
Саидҷалол Саидов (-100кг);
Хуршед Маҷидов (+100кг).
Дар асоси низомномаи мусобиқа варзишгарон барои медали тилло 5000 доллари ИМА, барои медали нуқра 3000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 1500-долларӣ ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.
Тақвими мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо “Abu Dhabi Grand Slam 2018”:
27.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон; -60кг, -66кг миёни мардон
28.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон; -73кг, -81кг миёни мардон
29.10. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон; -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон