Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду медали Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё (U-23)

23.10.2018

: 1669

22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд.

Тавре аз Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон иттилоъ доданд, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Узбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.
Шаҳриёр, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, то 25 октябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.