18.10.2018
: 1303
18 октябр дар Индонезия Чемпионат Осиё-2018 миёни ҷавонони то 19-сола оғоз ёфт, ки тими Тоҷикистон дар он иштирок мекунад.
Барои 4 роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 16 даста талош мекунанд. Тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия мебошанд. Бозии аввали тими ҷавонони мо 20 октябр сурат мегирад. Ҳарифи шогирдони Мубин Эргашев тими ҷавонони Чин аст. Оғози бозӣ – соати 17:00 бо вақти Душанбе.
Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)
Гурӯҳи «D»
1-ум давр
20 октябр (шанбе)
14:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00. ТОҶИКИСТОН – Чин
2-юм давр
23 октябр (шанбе)
14:00. Чин – Арабистони Саудӣ
17:00. Малайзия – ТОҶИКИСТОН
3-юм давр
26 октябр (ҷумъа)
17:00. Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
17:00. Чин – Малайзия
Оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.