Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду ҷои дуюмро ишғол кард

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду ҷои дуюмро ишғол кард Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду ҷои дуюмро ишғол кард Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду ҷои дуюмро ишғол кард Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Бангабанду ҷои дуюмро ишғол кард

15.10.2018

: 387

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии иҷрокунандаи сармураббӣ Алишер Тухтаев дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми тиллоии Бангабанду”, ки дар Бангладеш ба анҷом расид, ҷои дуюмро ишғол кард.

Дар бозии финалӣ тими миллии мо аз дастаи мунтахаби Фаластин шикаст хурд. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ мусовӣ – 0:0 – анҷом ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи фаластиниҳо хандид – 4:3.
Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми тиллоии Бангабанду”, ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш ҷараён дошт, тими миллии Тоҷикистон 4 бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ мунтахаби кишвари мо бар дастаи Непал ғалаба карда (2:0), аз тими Фалатин шикаст хурд (0:2). Дар нимфинал мунтахаби Тоҷикистон бар тими Филиппин пирӯз гардид (2:0).
Дар маросими ҷоизасупорӣ тими мунтахаби Тоҷикистон дар баробари медалҳои нуқра соҳиби ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 25000 доллар гардид. Ба тими ғолиб 50000 доллар тақдим шуд.
Кумитаи тадорукот дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ризоевро беҳтарин дарвозабони мусобиқа, ҳамлагари тими Тоҷикистон Комрон Турсуновро бо ду гол беҳтарин нишонзан эътироф кард.