Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2018 баромаданд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2018 баромаданд Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2018 баромаданд Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2018 баромаданд Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба финали ЧО-2018 баромаданд

05.10.2018

: 1374

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии даври нимфинали Чемпионати Осиё-2018, ки дар Малайзия ҷараён дорад, бар тими наврасони Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.

Футболбозони навраси мо дар дақиқаҳои аввал ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 2-юми бозӣ Озодбек Панҷиев тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Кореягиҳо тавассути Юн Сук Чжу дар дақиқаи 39-ум тавонистанд ҳисобро баробар кунанд ва вақти асосии дидор мусовӣ анҷом ёфт.
Тибқи муқаррароти чемпионат баъд аз анҷоми мусовии бозӣ ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда шуд, ки бахт ба рӯи футболбозони мо хандид – 7:6.
Дар аввалин бозии финали чемпионати Осиё тими наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ҷопон 7 октябр (оғози бозӣ – 17:45) вомехуранд. Мавриди зикр аст, ки ин ду тим дар даври гурӯҳӣ вохурда буданд, ки он бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Сармураббии тими наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ иброз дошт, ки даста ин пирӯзиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 5 октябр зодрӯз доранд, мебахшад.
- Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар ҷиҳати рушди футбол корҳои зиёде сомон дода шуд. Ман хурсандам, ки имрӯз бачаҳо хуб бозӣ карданд. Мехоҳам миннатдории худро ба мухлисоне, ки дар варзишгоҳ моро дастгирӣ карданд, расонам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар Ватан ба мо мухлисӣ намуданд.

Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон (U-16)
Нимфинал
ТОҶИКИСТОН – Кореяи Ҷанубӣ – 1:1. Пеналтӣ – 7:6
Голҳо: Озодбек Панҷиев, 2 (1:0). Юн Сук Чжу, 39 (1:1).
Силсилаи пеналтӣ: Чонг Сангбин – 0:1. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ли Таесеок – 1:2. Ҷонибек Шарипов – 2:2. Ли Чунсук – 2:3. Иброҳим Зокиров – 3:3. Ҳонг Сунгвук – 3:4. Озодбек Панҷиев – 4:4. Мун Чунҳо – 4:5. Рустам Соиров – 5:5. Юн Сук Чжу – 5:6. Шоҳрух Сангов – 6:6. Сон Хо Чун – 6:6. Муҳаммадрасул Лутфуллоев – 7:6.

Ҳайати Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров (Шоҳрух Сангов, 46), Амадонӣ Камолов, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 90+3), Рустам Соиров, Сунатулло Исмоилов (Иброҳим Зокиров, 67).
Огоҳӣ: Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов (Тоҷикистон).
Беҳтарин футболбоз: Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).
Сардовар: Муҳаммад Назми Насруддин (Малайзия).
Нозири доварон: Етскуко Фукано (Ҷопон).
Комиссари бозӣ: Жао Чао (Чин).
4 октябр. Селаргон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая». 100 мухлис.

Ҷопон – Австралия – 3:1
Голҳо: Ноах Ботич, 8 – аз пеналтӣ (0:1). Шоҷи Тояма, 59 (1:1). Шоҷи Тояма, 69 (2:1). Мито Шунсуке, 78 (3:1).

Финал
7 октябр (якшанбе)
Оғоз – 17:45 бо вақти Душанбе
Ҷопон – ТОҶИКИСТОН
Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил