Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Остона мизбони ЧҶ оид ба гуштин-2019 интихоб шуд

25.09.2018

: 1218

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (United World Wrestling) эълон кард, ки чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин (гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон) 14-22 сентябри соли 2019 дар Остона – пойтахти Қазоқистон – доир мегардад.

"Боварии комил дорам, ки чемпионати ҷаҳон дар Остона барои варзишгарон, мураббиён ва мухлисон хотирмон хоҳад буд", - гуфтааст президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин Ненад Лалович.
Чемпионати ҷаҳонии соли 2019 нахустин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хоҳад буд. Ғолибони 6 вазни олимпӣ дар гуштини озод, 6 вазн дар гуштини юнонӣ-римӣ ва 6 вазн дар гуштини бонувон соҳиби аввалин роҳхатҳои олимпӣ мегарданд. Роҳхатҳои дигар дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва интихобӣ дода мешаванд.
Чемпионати ҷаҳонии соли 2018 оид ба гуштин 20-28 октябр дар Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.