Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии “Хуҷанд”-“Динамо” мусовӣ анҷом ёфт

08.09.2018

: 132

Мусобиқаи байналмилалии рафиқона миёни клубҳои футболи “Хуҷанд” ва “Динамо”-и Самарқанд, бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Вохӯрӣ дирӯз – 7 сентябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд, зери назари 23 ҳазор мухлис сурат гирифт.
Қабл аз оғози бозӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баромад карда, аз арзишҳои дӯстӣ миёни мардуми ду кишвари ҳамсоя ёдовар шуд.
Бозӣ воқеан дӯстона ва бо эҳтироми якдигар ҷараён гирифта, ҳар ду даста бозии хубу диданӣ нишон доданд.
Ба голи задаи бозингари тими меҳмон Боймурод Каримов дар дақаи 30 бозингари мизбон Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 53 бо гол ҷавоб гардонд.