Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров дар Ҷоми қитъавии АБФВС ширкат мекунад

05.09.2018

: 493

8-9 сентябри соли равон дар шаҳри Островаи Ҷумҳурии Чех Ҷоми қитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) баргузор мегардад.

Дар мусобиқа иштироки 329 варзишгар аз 78 кишвар дар назар аст. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ намояндагӣ мекунад.
Варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 200, 400, 800, 1500, 3000 метр, 3000 метр бо монеа, 110 метр бо монеа, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, партоби гулӯла, партоби диск, гурзандозӣ, найзаандозӣ, эстафетаи 4х100 миёни мардону занон ва эстафетаи омехта 4х400 метр иштирок мекунанд.
Варзишгароне, ки то ҷои 8-умро ишғол мекунанд, соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд. АБФВС барои ғолибон 30000 доллари ИМА, ҷои дуюм 15000, ҷои сеюм 10000, ҷои чорум, 7000, ҷои панҷум 5000, ҷои шашум 3000, ҷои ҳафтум 2000 ва ҷои ҳаштум 1000 доллари ИМА тақдим хоҳад кард. Дар эстафета барои чор ҷои аввал ҷоиза муқаррар шудааст: ҷои аввал – 30000, ҷои дуюм - 20000, ҷои сеюм - 10000, ҷои чорум - 8000 доллари ИМА.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бразил медали тилло ва дар Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ӯ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сазовори медали нуқра шуд.