Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон - мизбони боз як мусобиқаи байналмилалӣ

04.09.2018

: 183

Тоҷикистон ба ҳайси мизбони боз як мусобиқаи байналмилалии футболи бонувон пазируфта шуд. Дар пайи мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни дастаҳои бонувони то 16-сола ва то 19-сола, дар Тоҷикистон марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футбол ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио дар гурӯҳи “А” доир мегардад.

Дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футбол ба Олимпиадаи соли 2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 4 то 13 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дастаҳои футболи бонувони Тоҷикистон, Тайпейи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон иштирок мекунанд. Тибқи низомномаи мусобиқа, ғолибон ва дастаҳои ҷои дуюм, ҳамчунин ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки дастаҳои Ветнам ва Узбекистон аллакай роҳхат гирифтаанд, роҳ меёбанд.
Аз 15 то 23 сентябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахабим бонувони то 16-сола дар гурӯҳи “С” ҷараён мегирад, ки дар он дастаҳои бонувони Тайланд, Эрон, Марианаи Шимолӣ, Сингапур ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Моҳи октябр бошад, Тоҷикистон макони баргузории марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни дастаҳои футболи бонувони то 19-сола мегардад. Барои ба даври навбатӣ баромадан мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин, Бангладеш ва Тоҷикистон талош мекунанд.

Марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футбол миёни бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А”

1-ум давр
4 ноябр (якшанбе)

Сингапур – Филиппин
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр
6 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Тайпейи Чин
Муғулистон – Сингапур

3-юм давр
8 ноябр (панҷшанбе)

Тайпейи Чин – Муғулистон
Филиппин – ТОҶИКИСТОН

4-ум давр
11 ноябр (якшанбе)

Филиппин – Муғулистон
Сингапур – Тайпейи Чин

5-ум давр
13 ноябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Сингапур
Тайпейи Чин – Филиппин