Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: 2 медали дзюдочиёни тоҷик

31.08.2018

: 268

Варзишгарони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов медалҳои биринҷии Бозиҳои Осиё-2018-ро сазовор шуданд.

Имрӯз – 31 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқаҳо оид ба дзюдо ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.
Варзишгарони мо дар намуди дзюдо 2 медали биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 5 адад расид.
Дар вазни -90 кг Комроншоҳ Устопириён дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Непал (Срирам Макаҷу) ва Лубнон (Насиф Илёс) ғалаба карда, ба нимфинал баромад, вале дар ин давр аз паҳлавони Муғулистон Алтанбагана Гантулга, ки медали нуқра ба даст овард, шикаст хӯрд. Сипас, паҳлавони тоҷик дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари қазоқистонӣ Ислом Бозбоевро мағлуб кард.
Дар вазни +100 кг Шакармамад Мирмамадов сазовори медал шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Қазоқистон Санҷар Ҷабборов пирӯз гардида, аз намояндаи Муғулистон Дууренбаяр Улзибаяр шикаст хӯрд. Шакармамад баъдан дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгарони Қирғизистон Бекболот Токтогонов ва Ҷопон Такешӣ Оҷитанӣ дастболо шуд.
Паҳлавони дигари кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг аввал бар намояндаи Лубнон Ҷад Фадел ғалаба карда, дар рақобати дуюм аз варзишгари Корея Гуам Чо, ки медали нуқраи бозиҳоро сазовор шуд, шикаст хурд. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм паҳлавони Қазоқистон Виктор Дамйаненкоро шикаст дода, вале аз намояндаи Муғулистон Отгонбаатар Хагвасурен мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд.
Дар риштаи қайиқронӣ варзишгарони мо дар каноэи якнафара ва байдаркаи дунафара дар масофаи 200 метр иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.  
Акнун шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 5 адад расид. Қаблан - 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ, 29 август Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -81 кг-и гуштини кураш ва 30 август Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ дар байдаркаи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали нуқра гардида буданд.
Варзишгари мо Ҷомии Ҳасан имрӯз, ҳамчунин дар намуди самбобарои медали биринҷӣ талош мекунад.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 30-юм мавқеъ дорад. Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар се ҷои аввали ҷадвали ҳисоби медалҳо қарор доранд.