Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон: Марҳилаи дуюм бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

Чемпионати Тоҷикистон: Марҳилаи дуюм бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт Чемпионати Тоҷикистон: Марҳилаи дуюм бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

20.08.2018

: 255

Марҳилаи дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи дуюм 18-19 август доир гашт. “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор ғалаба кард (2:1). Ҳисобро дар дақиқаи 56-уми дидор Вайсиддин Сафаров кушод. Баъд аз 11 дақиқа Наврӯз Рустамов ҳисобро ба фоидаи дастаи “Регар” афзуд. Дар дақиқаи 84-ум Шарафҷон Солеҳов ҳисобро тағйир дод.
Дар бозии дигар дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар “Панҷшер” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дар ҳайати “Куктош” Абдурасул Раҳмонов 2 гол, легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов як гол заданд.
“Хуҷанд” дар майдони худ тими КМВА “Помир”-ро қабул карда, бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 60-ум Манучеҳр Аҳмадов аз пеналтӣ тӯбро вориди дарвозаи Миралӣ Муродов намуд. Баъд аз се дақиқа Ҷаҳонгир Эргашев зарбаи ёздаҳметраро ба нафъи дастааш иҷро кард. Дар дақиқаи 84 Идибек Ҳабибуллоев нохоста тӯбро вориди дарвозаи дастааш намуд. Голи ғолибиятро Фарҳод Тоҳиров зад.
“Истиқлол” бошад, дар меҳмонӣ бар тими “Хатлон” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоева аз зарабаи ҷаримавӣ ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. “Истиқлол” бо 35 хол дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад. “Хуҷанд” бо 33 хол ҷои дуюм, “Куктош” бо 21 хол ҷои сеюмро ишғол кардаанд.
Бозиҳои даври понздаҳум 25-26 август баргузор мешаванд. Дар ин давр “Куктош” бо “КМВА “Помир”, “Хатлон” бо “Истиқлол”, “Панҷшер” бо “Хуҷанд” ва “Барқчӣ” бо “Регар-ТадАЗ” вомехуранд.