Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Тоҷикистон дар намуди ушу низ ширкат мекунад

16.08.2018

: 116

Дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дар намуди ушу як нафар иштирок мекунад.

Мусобиқа оид ба ушу 19-23 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 8 қувваозмоӣ миёни мардон ва 6 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгари мо Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг миёни мардон ширкат мекунад.
Ҳамин тариқ, ҳайати варзишгарони Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунанд, ба 81 нафар расид. Онҳо аз рӯи 16 намуди варзиш барои ба даст овардани медалҳои бозиҳо талош мекунанд.