Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футболи бонувони кишвар ба Палембанг сафар кард

13.08.2018

: 1277

Аввалин шуда тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба шаҳри Палембанг, яке аз шаҳрҳои мизбони Бозиҳои Осиё-2018 сафар кард.

Тавре хабар доред, аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад.
Бори аввал дар таърихи футболи мамлакат тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҳо иштирок мекунад. Футболбозбонувони кишвар дар ҳайати 18 нафар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар, 3 ҳамалагар – бо роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латипов ба бозиҳо сафарбар гардиданд.
Мусобиқаи футбол миёни бонувон аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанг доир мегардад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонг Конг ва Чин вомехӯрад. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякфинал роҳ меёбанд.

Ҳайати тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё:

Дарвозабонҳо:  
Саидова Сайёра (“Динамо”, Душанбе)
Комилова Адолатхон (“Бохтар”, Бохтар)
Шукронаи Азимзода (“Норак”, Норак)

Ҳимоятгарон:
Хоҷаева Шукрона (“Динамо”, Душанбе)
Бобоева Шаҳноза (“Бохтар”, Бохтар)
Мирзоева Нодира (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Файзуллоева Марҷона (“Ласточка”, Душанбе)
Олимова Насиба (“Норак”, Норак)
Саидова Саҳина (“Дӯстӣ”, Дӯстӣ)

Нимҳимоятгарон:
Мирзоева Муниса (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Холназарова Сайрамҷон (“Бохтар”, Бохтар)
Сотникова Наталия (“Ласточка”, Душанбе)
Шукронаи Ҷумъахон (“Ласточка”, Душанбе)
Сафарова Мавҷуда (“Бохтар”, Бохтар)
Ҳалимова Лайло (“Бохтар”, Бохтар)

Ҳамлагарон:
Фозилова Мадина (“Ласточка”, Душанбе)
Сафарова Зулайхо (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Худодова Некубахт (“Динамо”, Душанбе)

Бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи футболи бонувон дар гурӯҳи “В”:

17 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

20 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
ТОҶИКИСТОН - Чин

22 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
Ҳонг Конг - ТОҶИКИСТОН