Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ид муборак, парчамбардорони миллат!

10.08.2018

: 311

Паёми шодбошии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони гиромӣ, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дӯстдорони соҳа.
Ҳамаи Шуморо, ки тамсилгарони Ватани маҳбуб, номбардорони асили миллат дар арсаҳои бузург ҳастед, бо Рӯзи варзишгарон самимона таҳният мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Маҳз Истиқлолияти давлат ва таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуда, тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ роҳандозӣ гардид.
Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба соҳа аст, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарону мураббиёни тоҷик меафзояд.
Ин ҷиҳатро ба назар гирифта мо бо ифтихор мегӯем, ки варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд.
Мо набояд як нуктаро фаромӯш созем, ки рушди соҳаи варзиши мо ба замони истиқлолияти давлатӣ сахт алоқаманд аст. Ба ибораи дигар ҳар чи ки мо дар ин соҳа ноил гардидем, дастоварди замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст. Зимнан ёдовар шудан ба маврид аст, ки варзишгарони тоҷик то истиқлолияти давлатӣ аз набудани комплексу толорҳои варзишии замонавӣ танқисӣ мекашиданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ имрӯз дар кишвар 9317 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 122 варзишгоҳ, 6619 майдончаи варзишӣ, 1702 толори варзишӣ, 88 ҳавзи шиноварӣ ва 788 маҷмааи варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон фаъолият доранд.
Барои ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш дар кишвар 142 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 4 мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, як Маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб, як Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 96 муассисаи (мактабҳои) варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактаби варзишии тобеъ фаъолият доранд. Дар ин мактабҳо 4130 гурӯҳ бо фарогирии 47654 наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.
Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи варзиш аст, ки 10-уми августро дар кишвар ҳамчун Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон эълон намуданд.
Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин рӯзи пурфараҳ аз номи кулли варзишгарони саодатманди диёр мехостам миннатдории самимонаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намоям, ки дар рушди варзиши кишвар ва дастгирии варзишгарони номбардори миллат нақши калидӣ гузошта, пайваста зери ҳидоят ва ғамхории падаронаи хеш роҳнамоӣ менамоянд.
Имрӯз варзишгарону мураббиёни мо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхорие, ки нисбат ба онҳо зоҳир мегардад, талош меварзанд, ки бо дастовардҳои назаррасу қобили таҳсину ифтихор Парчами давлатро баланд бардоранд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дар самти варзиш аст, ки рӯз аз рӯз обрӯю нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ даҳҳо маротиба нисбат ба солҳои қаблӣ боло рафта истодааст. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хотири варзишгарони кишвар Парчами ватани азизамон 105 маротиба дар арсаи байналмилалӣ парафшон гардид.
Имсол моро Бозиҳои тобистонаи Осиё ва Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон интизор аст, ки дар ин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони кишвар Ватани маҳбубамонро муаррифӣ мекунанд.
Бовари том дорем, ки шумо – варзишгарону устодони соҳа барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи чаҳон ҳамеша ҷаҳду талош менамоед.
Дар ин роҳи пурзаҳмат, вале пуршараф ба шумо комгориву муваффақиятҳои беназир ва тандурустиву хонаободӣ таманно дорам.
Ид муборак, парчамбардорони миллат!