Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Натиҷаи бозиҳои даври 13-ум

Лигаи олӣ: Натиҷаи бозиҳои даври 13-ум Лигаи олӣ: Натиҷаи бозиҳои даври 13-ум

06.08.2018

: 254

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

4 август ду вохӯрӣ доир гашт. Дар бозии марказӣ давр дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 82-юм зад.
Бохти “Куктош”-ро дастаи КМВА “Помир” натавонист истифода барад. Бозии ин даста бо тими “Панҷшер” бидуни гол анҷом ёфт.
Мухлисони футбол рӯзи 5 август шоҳиди ду бозии дигари даври 13-ум шуданд. Муддаиёни медалҳои тиллои чемпионати имсола – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар меҳмонӣ ба пирӯзӣ даст ёфтанд. “Истиқлол” бар тими “Барқчӣ” (1:0), “Хуҷанд” бар дастаи “Хатлон” (2:1) ғалаба карданд. Голи дастаи Душанберо Дилшод Восиев дар дақиқаи 31-ум вориди дарвозаи ҳариф кард. Дар дидор миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Хатлон” дар нимаи аввал Кароматулло Саидов – бозингари дастаи Бохтар ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюм хуҷандиҳо ду гол заданд. Дар дақиқаи 56 легионери узбекистонии “Хуҷанд” ҳисобро баробар карда, дар дақиқаи 90+5 Манучеҳр Ахмедов аз пеналтӣ голи ғалабаоварро зад.
Бозиҳои даври чордаҳум 18-19 август баргузор мешавад. Дар даври охирини марҳилаи дуюм “Куктош” бо “Панҷшер”, “Регар-ТадАЗ” бо “Барқчӣ”, “Хуҷанд” бо КМВА “Помир” ва “Истиқлол” бо “Хатлон” вомехуранд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ

  ҶОЙ    

  ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

Х

1

  «Истиқлол» (Душанбе)

  13    

  10    

  2    

  1    

  24-12    

  32    

2

  «Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

9

3

1

27-13

30

3

  «Куктош» (Рудакӣ)

13

5

3

5

15-18

18

4

  КМВА «Помир» (Душанбе)

13

4

6

3

16-17

18

5

  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

4

4

5

17-16

16

6

  «Хатлон» (Бохтар)

13

4

2

7

15-18

14

7

  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)     

13

2

5

6

8-16

11

8

  «Барқчӣ» (Ҳисор)

13

1

1

11

6-18

4