Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷои сеюми тими ҷавонони Тоҷикистон дар чемпионати АФОМ

31.07.2018

: 1244

Тими ҷавонони то 15-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дирӯз – 30 июл – дар шаҳри Тошканд анҷом ёфт, сазовори медали биринҷӣ гаштанд.

Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони 6 кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон иштирок карданд. Бозиҳо дар шакли системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд. Дар натиҷа, тими ҷавонони Тоҷикистон иборат аз дастпарварони Академияи футболи Федератсияи футболи мамлакат бо роҳбарии мураббӣ Рустам Қурбонов 9 хол ба даст оварда, ҷои сеюмро сазовор шуданд. Футболбозони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:0), Туркманистон (2:0) ва Қирғизистон (2:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Узбекистон ва Эрон бо ҳисоби якхелаи 0:3 мағлуб гаштанд.
Тими ҷавонони Эрон, ки дар ҳар 5 бозӣ ғалаба ба даст овард, ғолиби чемпионати АФОМ гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозони Узбекистон шуд.