25.07.2018
: 1325
27-29 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи Гран При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он гуштингирони тоҷик низ ширкат мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон кишвари моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 3 варзишгар – Муродов Акмал, Ҳакимов Кароматулло дар вазни -81 кг ва Устопириён Комроншоҳ дар вазни -90 кг намояндагӣ мекунанд.
Дар Гран Прии Загреб имсол иштироки беш аз 550 варзишгар аз 81 давлати дунё дар назар аст.