25.07.2018
: 1390
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-15) дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) дар шаҳри Тошканди Узбекистон аз тими мизбон мағлуб гашт.
Футболбозони ҷавони кишвар, ки дар даври аввал бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард, дар даври дуюм бо ҳамин ҳисоб аз тими ҷавонони Узбекистон шикаст хурд. Ду голи тими ғолибро Шаҳзод Акрамов, як голи дигарро Муродбек Хуҷамбердиев ба номи худ навиштанд.
Дар бозиҳои дигари даври дуюм Эрон бар Туркманистон (5:0), Афғонистон бар Қирғизистон (2:1) пирӯз шуданд.
Баъ аз натиҷагирии ду давр дастаҳои Эрон ва Узбекистон бо 6-холӣ дар садри ҷадвали мусобиқаанд. Тоҷикистон ва Афғонистон бо 3-холӣ дар ҷойҳои сеюму чорум, Қирғизистон ва Туркманистон, ки хол надоранд, дар зинаҳои охир қарор доранд.
Бозиҳои даври сеюм 26 июл доир мегарданд. Дар ин рӯз тими ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Туркманистон вориди майдон мешаванд.