Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё

4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё 4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё 4 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё

23.07.2018

: 1284

22 июл дар Макао Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир гашт, ки паҳлавонони тоҷик соҳиби 4 медал гардиданд.

Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 4 варзишгар иштирок карданд: Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Фаридун Холиқов (-81 кг), Маҳмадулло Лоиқов (-90 кг). Хайёмиддин ва Ҷаҳонгир медалҳои тиллои мусобиқаро сазовор шуданд. Фаридун медали нуқра, Маҳмадулло медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқа 117 варзишгар (69 писар, 48 духтар) аз 19 давлати ҷаҳон иштирок карданд.