Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қаҳрамонии варзишгардухтарони тоҷик дар Корея

Қаҳрамонии варзишгардухтарони тоҷик дар Корея Қаҳрамонии варзишгардухтарони тоҷик дар Корея Қаҳрамонии варзишгардухтарони тоҷик дар Корея

13.07.2018

: 1675

Таеквондочиёни тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишгоҳӣ дар шаҳри Поҳанги Кореяи Ҷанубӣ 3 медал ба даст оварданд.

Мусобиқа 10 июл оғоз гардида, то 15 июл идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқаи бонуфуз 3 варзишгар – Моҳру Ҳалимова, Муниса Исматова ва Шаҳризода Ҷабборова иштирок карда, 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) ба даст оварданд.  
Тавре аз Федератсияи таеквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон хабар доданд, Моҳру Ҳалимова дар вазни +73 кг ва Муниса Исматова дар вазни -57 кг ғолиб шуданд. Моҳру мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари Индонезия бо ҳисоби 8:5 ва дар финал бар варзишгари Непал бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард.
Муниса низ, дар даври нимфинал варзишгари Комбоҷаро бо ҳисоби 18:5 ва дар финал варзишгари мизбонро бо ҳисоби 23:3 шикаст дод.
Шаҳризода Ҷаборова дар вазни -53 кг ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ бар варзишгари мизбон бо ҳисоби 7:5 ғолиб омад, аммо дар финал аз намояндаи Инденизия бо ҳисоби 14:9 мағлуб гардид.