Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Тошканд ҷои сеюмро ишғол карданд

Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Тошканд ҷои сеюмро ишғол карданд Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Тошканд ҷои сеюмро ишғол карданд Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Тошканд ҷои сеюмро ишғол карданд

10.07.2018

: 1268

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.

9 июл чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола бо иштироки дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба анҷом расид. Дар мусобиқа тими мунтахаби Тоҷикистон иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ карда, ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар даври аввал футболбозони навраси кишвар бозиро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон мусовӣ анҷом дода (2:2), дар ду бозии дигар аз Афғонистон (0:1) ва Узбекистон (1:3) мағлуб шуданд.  
Тими футболи наврасони Узбекистон бо 9 хол ғолиби мусобиқа шуд. Афғонистон бо 6 хол ҷои дуюмро ишғол кард.