Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтарин қайиқронҳо муайян шуданд

Беҳтарин қайиқронҳо муайян шуданд Беҳтарин қайиқронҳо муайян шуданд

09.07.2018

: 1801

7-8 июл дар шаҳри Душанбе чемпионати Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи қайиқронии ҷумҳурӣ, дар чемпионати имсола беш аз 84 варзишгар дар ҳайати 8 даста (Душанбе – 3 даста, Суғд – 3 даста, Хатлон – 3 даста) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд.
Миёни мардон дар намуди байдаркаи якнафарӣ (С-1) дар ҳамаи масофаҳо – 200, 500, 1000 метр – варзишгарони шаҳри Душанбе ғолиб омаданд. Варзишгарони вилояти Суғд ҷои дуюм ва варзишгарони Хатлон ҷои сеюмро ишғол карданд. Дар байдаркаи дунафарӣ (С-2) ва чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 200 метр варзишгарони Суғд якум шуда ба марра расиданд, Душанбе ҷои дуюм, Хатлон ҷои сеюмро сазовор гаштанд. Дар масофаҳои 500 ва 1000 метри С-2 ва С-4 Душанбе мақоми аввал, Суғд ҷои дуюм, Хатлон ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар каноэи якнафарӣ (К-1) дар масофаҳои 200, 500, 1000 метр варзишгарони Суғд ғолиб гардида, варзишгарони Душанбе ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар масофаҳои 200, 500 метр Хатлон ва дар масофаи 1000 метр Суғд ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар каноэи дунафарӣ (К-2) дар масофаи 200 метр Суғд ҷои аввал, Душанбе ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор гаштанд. Дар масофаҳои 500 ва 1000 метр варзишгарони Душанбе ҷойҳои якуму сеюм ва варзишгарони Суғд ҷои дуюмро ба даст оварданд. Дар каноэи чорнафарӣ (К-4) дар масофаҳои 200, 500, 1000 метр варзишгарони Душанбе аввалин шуда ба марра расида, варзишгарони Суғд ҷои дуюмро сазовор гаштанд. Дар масофаи 200 метр Хатлон, дар масофаҳои 500 ва 1000 метр Душанбе ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Бонувон фақат дар намуди каноэ рақобат намуданд. Дар каноэи якнафарӣ (К-1) дар масофаҳои 200, 1000 метр варзишгарони Суғд ва дар масофаи 500 метр варзишгарони Душанбе ғолиб шуданд. Дар масофаҳои 200, 1000 метр ҷои дуюм насиби душанбегиҳо, дар масофаи 500 метр насиби суғдиҳо гашт. Варзишгарони Суғд дар масофаи 1000 метр ҷои сеюмро низ ба даст оварданд. Дар масофаҳои дигар ҷои сеюм насиби варзишгарони Хатлон шуд. Дар каноэи дунафарӣ (К-2) варзишгарони Суғд дар масофаҳои 200, 1000 метр ва варзишгарони Душанбе дар масофаи 500 метр ғалаба карданд. Дар масофаҳои 200, 1000 метр варзишгарони Душанбе, дар масофаи 500 метр варзишгарони Суғд дуюм шуданд. Дар масофаи 200 метр варзишгарони Хатлон ва дар масофаҳои 500, 1000 метр варзишгарони Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар чемпионат Шаҳриёр Даминов, Абдусаттор Ғафуров, Нурмуҳаммад Тоҳирӣ, Зоирҷон Набиев миёни мардон, Мунира ва Гулнора Бобоҷоноваҳо ва Матлуба Раҳматова маҳорати хуб нишон дода, аз 3 то 5 медали тилло ба даст оварданд.