Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати ОМ: Футболбозони тоҷик натавонистанд ғалаба кунанд

Чемпионати ОМ: Футболбозони тоҷик натавонистанд ғалаба кунанд Чемпионати ОМ: Футболбозони тоҷик натавонистанд ғалаба кунанд

06.07.2018

: 87

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зери сарпарастии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чемпионати Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола шуруъ шуд.

Дар чемпионат дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд. Дар дидори нахустин футболбозони навраси Тоҷикистон бо ҳамтоёни қирғизистонии худ вориди майдон шуданд. Дар ибтидо футболбозони навраси тоҷик ташаббуси бозиро дар ихтиёр гирифта, ду маротиба тӯбро вориди дарвозаи ҳариф карданд. Голҳоро Зуҳриддин Фузайлов дар дақиқаи 17 ва Алинур Ниёзбеков дар дақиқаи 23 ба номи худ навиштанд. Аммо онҳо ин бартариро то анҷоми бозӣ нигоҳ дошта натавонистанд. Таносубро дар ин дидор бозингарони қирғиз Адолат Канибеков дар дақиқаи 29 аз пеналтӣ ва Мирланбек Худойбердиев дар дақиқаи 36 барқарор сохтанд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.
Дар дидори дигари даври аввал тими Узбекистон дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Бозиҳои даври дуюми чемпионати Осиёи Марказӣ 7-уми июл баргузор мешавад. Ин навбат футболбозони тоҷик бо ҳамтоёни афғонистонии худ рақобат мекунанд.