Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар Лос Анҷелос

05.07.2018

: 1165

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадӣ Латипов дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар ИМА сазовори медали нуқра гардид.

30 июн дар шаҳри Лос Анҷелоси Штатҳои Муттаҳидаи Амрико мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо доир шуд, ки дар он паҳлавони тоҷик Муҳаммадӣ Латифов медали нуқра ба даст овард.
Муҳаммадӣ Латифов се ҳарифашро мағлуб намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт, вале дар финал бо имтиёзи андак мағлуб гардид.
Ин паҳлавони тоҷик солҳои зиёд дар Тоҷикистон зери роҳбарии Садриддин Обидов тамрин мекард ва соли 2015 дар чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Амстердами Ҳолланд сазовори медали биринҷӣ гашт. Айни ҳол дар клуби варзишии “Кенианс”-и Амрико таҳти роҳбарии мураббии шоиста Арам Гукасияни арманӣ тамрин мекунад.