Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи миз насиби дастаи Душанбе-1 шуд

04.07.2018

: 1227

Ҳафтаи гузашта дар толори варзишии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия мусобиқаи тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба иттилои С. Саидамиров – директори иҷроияи Федратсияи тенниси рӯи миз, дар мусобиқа 46 варзишгар, аз ҷумла 16 зан дар ҳайати 17 даста аз шаҳри Душанбе (7 даста), вилоятҳои Хатлон (3 даста), Суғд (2 даста), Бадахшон (3 даста) ва ШНТМ (2 даста) барои ҷоизаҳо талош карданд.

Натиҷаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар соли 2018:

ДАСТАВӢ
Мардон:
1. Хатлон-3
2. Суғд
3. Хатлон-2

Занҳо:
1. Душанбе-1
2. Суғд
3. ШНТМ (Ҳисор)

ИНФИРОДӢ
Мардон:
1. Афзал Маҳмудов (Суғд)
2. Муҳаммад Ҳаитов (Душанбе-1)
3. Сайфиддин Боронов (Душанбе-1)

Занҳо:
1. Наргис Азизова (Душанбе-1)
2. Зарина Шарипова (Душанбе-1)
3. Зулфинисо Сайидалимова (Суғд)

Дар ҳисоби умумӣ дастаи Душанбе-1 сазовори ҷои аввал ва ҷом гардид. Дастаи Хатлон-3 ҷои дуюм ва дастаи Суғд ҷои сеюмро ишғол карданд.