Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдо: 3 медали паҳлавонони навраси кишвар дар Ҷоми Осиё

22.06.2018

: 266

21-22 июн дар Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид, ки дар он паҳлавонони кишвар дар ҳайати 16 нафар иштирок карданд ва сазовори 3 медал – 1 тилло, 2 биринҷӣ - гардиданд.

Дар рӯзи аввал паҳлавонони навраси кишвар сазовори 2 медал шуданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг медали тилло, Фарорун Мирзошоев дар вазни -55 кг медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Сулаймон дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари узбекистонӣ Камол Ҳошимов ва варзишгари Қазоқистон Маҳамбет Раҳмет ғолиб омад. Ӯ дар даври нимфинал ва финал варзишгарони Узбекистон Ғанишер Худойбердиев ва Шайхназар Шарифбоевро шикаст дод.
Фарорун дар даври муқаддамотӣ бар Хонполат Ирисбеков (Қирғизистон), Нурдавлат Амонкоссов (Қазоқистон), Адолат Аскарбеков (Қирғизистон) пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз намояндаи Узбекистон Мақсуд Очилов шикаст хурд. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм Даврон Кайратулу (Қазоқистон)-ро мағлуб намуд.
Умед Асматуллобеков дар вазни -55 кг ва ва Бузургмеҳр Сарахонов дар вазни -66 кг ҷои панҷумро ишғол карданд.
Дар рӯзи дуюм гуштингирони тоҷик дар 4 вазн -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг иштирок карда, як медал гирифтанд. Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳунгсек Ким ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Тайпей Шенг-Кай Лин мағлуб шуд. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари қирғизистонӣ Анорбек Ишонбоевро шикаст дод.
Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг ва Масъуд Мунавваров дар вазни +90 кг ҷои ҳафтумро ишғол карданд.  
Дар рақобатҳо миёни наврасон 200 варзишгар (62 духтар, 138 писар) аз 12 давлат иштирок карданд.
Фардо дар идомаи мусобиқоти наврасон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон оғоз мегардад, ки дар он 18 варзишгари тоҷик иштирок хоҳанд кард.