31.05.2018
: 1813
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2018 20-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии навбунёди шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.
Чунин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо 25000 ҷои нишасти мухлисон 27 июни соли 2017 – дар рӯзи таҷлили 20-солагии ваҳдати миллӣ - бо иштироки Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Дар ҷаласа мутахассиси ҷопонӣ Нобуюки Шимада сармураббии тими мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон интихоб шуд. Мураббии 56-солаи ҷопонӣ, ҳамчунин сармураббии Академияи футболи ФФТ мебошад. Ӯ тими наврасони кишварро ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 (U-16), ки сентябри соли оянда баргузор мешавад, омода мекунад. Нобуюки Шимада таҷрибаи кор бо тими мунтахаби наврасони Ҷопон (U-13 ва U-14)-ро дорад, инчунин ба ҳайси сармураббии Академияи футболи Ассотсиатсияи футболи Ҷопон дар Фукусима ва Кумамото кор кардааст.