Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Саидҷалол дар Гран Прии Ҳоҳҳот ширкат мекунад

Саидҷалол дар Гран Прии Ҳоҳҳот ширкат мекунад Саидҷалол дар Гран Прии Ҳоҳҳот ширкат мекунад

24.05.2018

: 617

25-27 май дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардуми Чин мусобиқаи Гран При оид ба дзюдо доир мешавад.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро як нафар – паҳлавони шинохта Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кило намояндагӣ мекунад.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавонони маъруф Комроншоҳ Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода бо сабаби лат бардоштан дар ҷамъомадҳои машқӣ натавонистанд ба Чин сафар кунанд. Дигар гуштингирон бо иллати набудани маблағ аз иштирок дар ин мусобиқа худдорӣ кардаанд.
Гран Прии Ҳоҳҳот аввалин мусобиқаи литсензионӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа иштироки 381 варзишгар (213 мард, 168 зан) аз 49 давлати дунё дар назар назар аст.