Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ: Ду варзишгари тоҷик ба нимфинал баромаданд

18.05.2018

: 1566

Дирӯз – 17 май – дар шаҳри Жегеди Ҷумҳурии Маҷористон марҳилаи аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ оғоз шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок доранд.

Варзишгарони мо Шаҳриёр Даминов ва Давронхӯҷа Аҳмадов имрӯз дар қувваозмоии С1 дар масофаи 1000 метр рақобат карда, ба даври нимфинал баромаданд: Давронхӯҷа Аҳмадов бо натиҷаи 4:38.047, Шаҳриёр Даминов бо натиҷаи 4:18.931. Дар даври интихобии қувваозмоии С1 1000 метр миёни мардон 32 нафар иштирок карда, 27 нафар ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Рақобатҳои ин давр фардо – 19 май – баргузор мешавад.
Шаҳриёр ва Давронхӯҷа, ҳамчунин дар қувваозмоиҳои С1 200, 500 ва 5000 метр низ рақобат мекунанд. Варзишгари дигари мо Зоҳирҷон Набиев дар қувваозмоии К1 масофаҳои 200 ва 500 метр барои медалҳо талош мекунад.