Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 медали варзишгарони наврас дар Тошканд ва Бейрут

4 медали варзишгарони наврас дар Тошканд ва Бейрут 4 медали варзишгарони наврас дар Тошканд ва Бейрут

11.05.2018

: 499

Дирӯз – 10 май – дар шаҳри Тошканд Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ва дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон оғоз шуд, ки варзишгарони мо дар ҳар ду мусобиқа сазовори 4 медал шуданд.

Дар Тошканд рӯзи аввал варзишгарони навраси қораи Осиё дар 5 вазн – 44 кг, 48 кг, 51 кг, 55 кг ва 60 кг барои медалҳо рақобат карданд. Варзишгарони мо дар 4 вазн қувваозмоӣ намуданд. Асламҷон Азизов дар вазни 45 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамоти бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари Ҷопон Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 кг-ро сазовор шуд, мағлуб гашт. Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад.
Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг сазовори медали нуқра шуд. Фирӯз рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев, баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари Ҷопон Ватару Сасакӣ шикаст хурд.
Рақобатҳо имрӯз дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 80 кг, 92 кг ва 110 кг идома меёбад.
Дар Бейрут низ дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон варзишгарони мо 2 медал ба даст оварданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра, Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кг варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт.
Имрӯз варзишгарон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг барои медалҳо талош мекунанд.